14 феврал дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб, Хадамоти гумрук ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Палатаи ҳисоб соати 08:00 доир мегардад.
Дар Бонки миллӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 (хиёбони Рӯдакӣ, 38/1) баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соати 09:00 доир мегардад.
Дар Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Дар Агентии омор нишасти матбуотӣ соати 11:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соатӣ 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 гузаронида мешавад.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






