14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи Тоҷикистон туҳфа гардидани шоҳасарҳо — «Тоҷикон» ва «Шоҳнома» иқдоми беназир аст
ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) эълон шуда, дар Тоҷикистон низ дар ин сана барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегарданд. Мавриди ёдоварӣ аст, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас мешавад.
Тавре дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нусхаи китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ соли 2010 ба чоп расида буд, барои нашр интихоб гардид, то дастраси ҳар хонаводаи Тоҷикистон шавад.
Гурӯҳи корӣ баъди бо диққати комил омӯхтан ва муқоиса намудани чор нусхаи маъруфи «Шоҳнома» дар айни замон ба хулоса омад, ки нусхаеро, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ тартиб дода шудааст, ба нашр омода созад.
Дар раванди таҳияи матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мусоидат ба суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ барои гурӯҳи корӣ тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ба таҳрири матни «Шоҳнома» матншиносон ва мутахассисони адабиёти классикӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанги аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас шавад.
Бояд гуфт, ки қаблан ҳам бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ба ҳар оилаи мамлакат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа гардид.

Дар ин маврид Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор намоем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» – ро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила туҳфа намояд».
«Арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард», — таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Китоб аз ҳисоби Фонди захиравии Сарвари давлат тибқи дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2019 баёнгардида, бо теъдоди 1 600 000 нусха бо сифати баланд нашр шудааст.
Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи нек аз гузаштагон буда, имрӯз равнақи бештар ёфтааст. Дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, ҳар яки мо бояд дар ин кори хайр шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ, оила, фарзандон ва дўстон тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?






