ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад

Ноябрь 7, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 театри касбӣ фаъолият дорад, аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Ба муносибати Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола 7 ноябр таҷлил мегардад, АМИТ «Ховар» шарҳи мухтасар доир ба театрҳои касбии дар пойтахт фаъолиятдоштаро пешниҳод менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки: «театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад».

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ яке аз театрҳои аввалини давлатӣ — касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, театр нахустин маротиба 7 ноябри соли 1929 ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар, соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковски ҷойгир буд. Ҳайати театри навбунёд аз ҳафт нафар иборат буданд.

Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ соли 1935 ҳамчун Театри мусиқӣ ташкил ёфт. Соли 1940 ҳамчун Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон таъғири ном кард. Соли 1954 театр ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд. Соли 1971 барои муваффақиятҳои эҷодӣ ба театр унвони театри академӣ дода шуд. Жанри репертуари театр опера ва балет мебошад.

Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковскийи дар шаҳри Душанбе 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфтааст. Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Нахустин мавсимро театр бо спектакли «Замин»-и Н.Вирти оғоз кардааст. Жанри театр драмавӣ мебошад.

Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ки бар асоси студияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. Луначарскийи Москва соли 1971 таъсис ёфтааст. Соли 1978 театри мазкур номи М. Воҳидов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро гирифт. Дар тӯли солҳои охир дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов таҷрибаву суннатҳои наслҳои пешинро ҷавонони соҳибистеъдод ҳифз намуда, идома мебахшанд.

Театри давлатии лӯхтак – яке аз муассисаҳои театрии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Театр 7 сентябри соли 1985 таъсис ёфтаст. Бинои он дар наздии Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе воқеъ аст. Дар ин бино барои ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

 

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 7, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид