31-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Сарбозони Ватан баҳри ҳифзу дифои ҳар пора замину ҳар зарра хоки Тоҷикистон ҷони худро дареғ намедоранд

Февраль 21, 2024 15:42

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли 2024 ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Дар робита ба ин рӯзи муҳим хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи таърихи  таъсиси Артиши миллӣ, нақши барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими иқтидору имконияти Артиши миллӣ ва ҷонфидоии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи мамлакат  матлаб омода намудааст, ки манзури хонандагон мегардад.

Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад

31 сол мешавад, ки Артиши миллӣ  дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва  истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозад.  Инак ба таҷлили ин ҷашн рӯзҳои башумор мондаанд. Фаъолияту дастовардҳои Артиши мамлакатро давоми 31 соли таъсис метавон натиҷаи пурсамари ҷоннисорони миллат баҳри ҳифзу дифои ҳар пора замину ҳар зарра хоки диёр номид. Нақши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёду рушди   Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон беназир аст.

Инсоният давоми таърихи дароз 15 ҳазор ҷангро аз сар гузаронидааст ва имрӯзҳо низ дар гӯшаҳои гуногуни олам муноқишаҳои ҳарбӣ рӯй медиҳанд. Ҷангҳо зиён ва талафоти зиёде оварда, оммаи зиёди одамонро аз кору заҳмати осоишта канор мезананд. Дар ин ҷангу муноқишаҳо ҳамеша Қувваҳои Мусаллаҳ ба сифати абзори ҷанг истифода шудаанд. Зеро воситаи асосии пешбурди ҷанг артиш аст. Дар ҳамаи давру замонҳо аз артиш барои ҳимояи давлат ва ватан истифода мебурданд.

Намояндагони машҳури фарҳанги аҷдоди мо доир ба артиш, сохтор, маҳорату малакаи ҳарбиён, таълиму тарбияи низомиён асарҳои арзишманде иншо намудаанд. Тафаккури низомии миллати тоҷик дар қаъри ҳазорсолаҳо реша дорад ва табиӣ аст, ки андешаҳои беҳтаринро дар бораи таърихи ташаккули артиши миллӣ дар бар мегирад.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов мегӯяд, ки озодихоҳӣ ва истиқлолталабии тоҷикон ҳеҷ гоҳ аз дилу тафаккури ин миллат дур нашуда, балки ҳамеша давоми таърих ин миллат дар талоши ба даст овардани истиқлол ва барпо намудани давлати миллиаш буд.

«Барои ин миллат набард баҳри Истиқлолу Озодӣ дар майдонҳои ҳарбу зарби пуршиддати ҷангҳо ба муқобили истисморгарони аҷнабӣ ва дар майдонҳои фарҳангу маърифат ва илму дониш ҳамеша давом мекард ва имрӯз низ идома дорад. Миллати тоҷик давоми асрҳо бо роҳу воситаҳои гуногун талош меварзид, мубориза мебурд, исёну қиём менамуд, то соҳиби тақдиру давлати худ бошад»,-изҳор дошт ӯ.

Имрӯз, ки миллати тоҷик давлати соҳибистиқлол дошта, Қувваҳои Мусаллаҳашро ташкил намудааст, омӯзиши мероси ҳарбӣ — назариявии гузаштагонамон аҳамияти хосса пайдо намуда,  вазифаи ҳар пажуҳишгари соҳаи илми ҳарбӣ аст, то ин таҷрибаи низомӣ ва сабақи таърихи артиши миллиамонро дастраси омма ва онҳое гардонанд, ки ҳаёташонро ба ҳифзи Ватан бахшидаанд.

Артиши миллӣ — неруи муқтадир ва кафили амнияту осоиш

Масъалаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ба миён гузошта шуд ва мо ин ниҳоди муҳими давлатиро дар муддати кӯтоҳ амалан дар ҷойи холӣ таъсис додем. Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 23 феврали соли 2019 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».

Бо иқдоми Сарвари давлат ба муҳофизати сарҳад тамоми имконияти мавҷуда равон шуд. Ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, соли 1993 заминаҳои асосӣ барои таъсиси Артиши миллии тоҷик гузошта шуданд. 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон доир гардид. Аз ҳамин рӯз эътиборан ҳар сол 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.


Тавре Зубайдуллло Давлатов мегӯяд, имрӯз бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки Артиши миллӣ чун неруи муқтадири кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи мамлакат ташаккул ёфтааст. Ин артиш дар муборизаҳои шадид иштирок намуда, таҷрибаи ҷангӣ андӯхта, обутоб ёфтааст.

«Давоми солҳои 1993-2020 дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши қобили ҳифзи Ватан ва миллат ба камол расонида шуд. Аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо тавонист садоқаташро ба Ватан ва миллат, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Маълум аст, ки бе кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ, машқдидаю соҳиби малакаи низомӣ ягон артиш муваффақ буда наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҳарбӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, сафҳои онро бо хатмкунандагони академияҳои гуногун, афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ, инчунин дастпарварони кафедраҳои ҳарбии мактабҳои олӣ такмил дод.

Таҳлилгари тоҷик Зубайдулло Давлатов чунин мешуморад, ки имрӯз бо захираҳои моддию техникӣ, озуқаворӣ, сару либос ва техникаю таҷҳизот таъмин намудани ҷузъу томҳо ҳалли худро ёфтааст.

«Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни неруҳои ҳарбии ҳамаи давлатҳои ҳамсоя пуртаҷриба аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар гузошт, таҷрибаи ҷангӣ андӯхт ва имрӯзҳо онро такмил медиҳад. Ҳоло ҷаҳони муосир пур аз тазодҳо аст. Муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ шадидтар мегарданд. Дар ин вазъият Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар масъалаи баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ватандӯстию садоқат ба давлату миллат дар маркази диққати ҳама ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад»,-иброз медорад ӯ.

Дар шароити густариши раванди ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии Ватан, таъмини амнияти мамлакат ва ваҳдати миллии он аҳамияти Қувваҳои Мусаллаҳ чандкарата афзоиш меёбад.

Сарҳад — оғози хоки Ватан ва мазрааи нангу номуси миллат

Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд. Азбаски ҷаҳони мутамаддин дар таҳаввулоти ҳамешагӣ қарор дорад, дар мафкураи шаҳрвандон ҷой намуда тавонистани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ барои амалӣ намудани барномаву стратегияҳои давлатӣ аз фоида холӣ нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (28.12.2023) доир ба ватандӯстӣ сухан гуфта, аз ҷумла таъкид намуданд, ки «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори  фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем».

Зубайдулло Давлатов чунин андеша дорад, ки арзиши мафҳуми ватандӯстӣ барои тоҷикон эҳсоси ирсӣ, меросӣ, таҷрибавӣ ва ҳам таърихӣ аст. «Ватани дониш китоб аст, бахусус ватани арзишҳои ватандӯстию инсонпарварӣ. Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳо аст, ки дар ёди таърихӣ, китобнавиштаҳо ва дар эҷодиёти шифоҳии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳо аст, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлоли он аст. Ин таҷрибаи зиндагӣ аз фард ба фарзандон, аз фарзандон ба авлод, аз авлод ба наслҳо ва аз наслҳо ба миллат ба мерос мегузарад ва он яке аз арзишҳои миллӣ аст»,-изҳор дошт мавсуф.

Баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба марзу буми мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 қабул гардид, ки он аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонун ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин масири мушкилу абадӣ давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин ҷода равон намояд.

Ҳеҷ чиз муҳимтар аз ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест!

Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз намудаанд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар- ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё намудаанд.

Ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори дигар дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди усулӣ ва муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол аст. Дар қатори дигар омилҳо маҳз тавассути ташкили ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳифзи тамомияти ҳудудии давлат ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид.

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Зубайдулло Давлатов, табиӣ аст, ки шаҳрвандон афкори мухталифи сиёсӣ доранд, сатҳи зиндагию вазъи иҷтимоиашон гуногун аст, аммо сарфи назар аз ҳамаи фарқияту мухолифат ҳамаи моро бояд масъулияти ҳифзи истиқлоли Ватану Ваҳдати миллат муттаҳид намояд. Барои ҳар шаҳрванди ватандӯст ҳеҷ чиз муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нест.

«Сивуяксолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб мешавад. Натиҷагирӣ ва бардошти сабақҳо аз ин роҳи тайшудаи Артиши миллӣ, омӯзиши бурду бохт ва дастовардҳои  раванди бунёди артиш марҳилаи муҳими таърихӣ буда, дар таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлат ва Ваҳдати миллат аҳамияти ҳалкунанда дорад»,-афзуд ӯ.

31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ барои мо ҷашни одию муқаррарӣ нест, балки рӯзи ифтихору шукрона аз давлати миллию Артиши он, истиқлоли давлатӣ ва шукрона аз Ваҳдати миллӣ мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки Ваҳдати миллӣ пояи истиқлолро мустаҳкамтар менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2024 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
Дар шаҳри Хоруғ доир ба таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоиш доир гардид
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН. Андешаҳо дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
РУШДИ ИЛМ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ — БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ. Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Нигоҳи нав ба арзиши об» намоишгоҳ доир мешавад
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд