Дар шаҳри Хоруғ доир ба таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ҳамоиш доир гардид

Июнь 14, 2024 17:20

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар шаҳри Хоруғ дар доираи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 конференсияи минтақавӣ дар мавзуи «Таҳкими соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилот» доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба соҳаи ҳифзи иттилооти дастрасиашон маҳдуд ва ҳифзи техникии иттилоот баррасӣ карда шуданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки ин самти фаъолият дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра ташаккул ёфта, бо таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохториаш ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки риояи бечунучарои талаботи қонунгузории соҳа, ташаккул додани сиёсати дохилиидоравии ҳифзи иттилоот ва назорати пайвастаи амалигардонии он, тақсимоти дурусту босамари вазифаҳо байни кормандон, истифода аз воситаҳои техникии ҳифз ва коркарди иттилоот, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар фаъолияти рӯзмарра мувофиқи мақсад мебошад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 14, 2024 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид