Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?

Июнь 17, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 17.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Душанбе сессияи 45-уми баҳории ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки наврасони мамлакат доир гардид. Навраси фаъоли ин сессия, хонандаи синфи 6-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 45-и ноҳияи Рӯдакӣ Оиша Раҳмонова мақолаашро дар  мавзуи «Аҳамияти биологии витаминҳо барои рушди солимии мову шумо»  ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.

-Витаминҳо моддаи органикие мебошанд, ки барои фаъолияти муътадили организм зарур  буда, бештар дар таркиби меваю сабзавот ва гӯшту равғани ҳайвонот мавҷуд ҳастанд. Онҳо моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои фаъолияти хаётии организм заруранд. Набудан ё нарасидани витаминҳо боиси бемориҳои гуногун мегардад. Витаминҳо моддаҳои ҳаётан муҳим буда, ба бадани одам асосан ба воситаи хӯрдани ғизо ворид мешаванд.

Ниҳоят кам будани онҳо ба мубодилаи моддаҳо таъсири зиёд мерасонад. Дар китоби «Энциклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ», ки нахустин донишнома дар бахши рӯзгордорӣ бо забони тоҷикӣ маҳсуб мешавад, мафҳуми витаминҳо чунин маънидод шудааст: «Витаминҳо пайвастҳои органикии аз ҷиҳати биологӣ фаъолро гӯянд, ки барои мубодилаи муътадили модда ва ҳаёти организм зарур ҳастанд.  Аксари витаминҳо қисми таркибии ферментҳоянд».

Витаминҳо дар ҷараёни пайдоиши ферментҳо иштирок мекунанд. Онҳо ба организм тавассути озуқае, ки аз растаниҳо ва ҳайвонот гирифта мешаванд, дохил мегарданд. Барои осонии кор витаминҳоро бо ҳарфҳои лотинии А, В, С, D … ишора мекунанд. Онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намудаанд: дар об ҳалшаванда, дар равған ҳалшаванда, пайвастҳои витаминмонанд. Фарқи витаминҳо аз сафеда, чарбу, карбогидратҳо ва намакҳои минералӣ он аст, ки онҳо манбаи энергия нестанд.

Витамини С. Дар таркиби настаран, карақот, карам, помидор, лиму, афлесун, пиёз, сир, картошка, дар аксар меваҳо дар қисми сабзи растаниҳо, хусусан дар навдаҳо вуҷуд дорад. Агар организм муддати дароз витамини С нагирад, бемории синга, ки ба сайёҳон ва баҳрнавардон кайҳо боз маълум аст, хуруҷ мекунад. Ҳангоми чунин беморӣ милки дандон хуншор, пардаҳои луобии даҳон захмдор гардида, дандонҳо ҷунбонак мешаванд ва меафтанд. Дар айни ҳол устухонҳо зудшикан гардида, буғумҳо дард мекунанд. Одам камхун мешавад ва муқобилияти организм ба бемориҳои сирояткунанда якбора суст мешавад. Калонсолон бояд бо хӯрок дар як шабонарӯз 50-78 мг витамини С истеъмол намоянд.

Витамини А. Асосан дар ғизое, ки аз ҳайвонот гирифта мешавад, аз ҷумла дар равғани моҳӣ, равғани зард, маска, шир, зардии тухм, ҷигар, гурда, тухми моҳӣ мавҷуд аст. Моддаҳое, ки дар организм ба витамини А табдил меёбанд, дар ғизое, ки аз растанӣ гирифта мешавад (сабзӣ, исфанох, зардолу, қаламфури сурх, помидор) мавҷуданд. Витамини А ба сабзиши организм таъсир мекунад. Ҳангоми норасоии он дар хӯрок кӯдакон хуб инкишоф намеёбанд, дандону мӯяшон ташаккул намеёбад, шуш ва рӯдаҳояшон зарар мебинад. Мумкин аст одам ба бемории шабкӯрӣ гирифтор шавад. Ҳамин, ки торикӣ фаро расид, қувваи босираи чунин бемор заиф мегардад. Одам бояд дар як шабонарӯз тахминан 1 мг витамини А истеъмол кунад.

Витамини В. Ба гурӯҳи витамини В якчанд витаминҳо, аз қабили В1, В2, В6, В12 дохил мешаванд. Витамини В1 ба ҷараёни мубодилаи карбогидрат таъсир мерасонад. Вай барои фаъолияти муътадили ҳамон узве зарур мебошад, ки дар он мубодилаи карбогидрат бошиддаттар аст, масалан системаи асаб, дил, мушакҳо. Витамини В1 дар донаҳои тозанакардаи растаниҳои хӯшадор, тухми лубиёгиҳо ва зардии тухм мавҷуд аст. Миқдори ками он инчунин дар таркиби исфанох, карам, пиёз, сабзӣ ва себ вуҷуд дорад. Ба организм дар як шабонарӯз 2-3 мг витамини В1 зарур аст. Агар дар хӯрок витамини В набошад, бемории вазнини бериберӣ сар мезанад. Витамини В2 дар ғалладона, ҷигар, гӯшт, шир, тухм мавҷуд аст. Агар калонсолон витамини В2-ро кам истеъмол кунанд, чашмонашон хира шуда, пардаи луобии ковокии даҳонашон зарар мебинад.

Витамини D. Дар таркиби равғани моҳӣ, ҷигар, зардии тухми мурғ ва дигар маҳсулот мавҷуд аст. Агар дар хӯрок витамини D набошад, кӯдакон дучори бемории чиллаашур (рахит) мегарданд. Бо таъсири Офтоб дар пӯсти одамон моддае пайдо шуда, ба витамини D мубаддал мегардад. Бинобар ин пӯсти кӯдакони хурдсол ба таъсири муътадили нури Офтоб эхтиёҷ дорад.

Витаминҳо барои фаъолияти ҳаётгузаронӣ зарур ҳастанд, вале микдори барзиёди онҳо метавонад боиси вайроншавии ҷиддии организм гардад. Бинобар ин витаминҳои сунъиро аз ҳад зиёд истифода кардан мумкин нест.

Витамини Е. Ба витаминҳои дар равған ҳалшаванда дохил шуда, дар раванди афзоиши бадан иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби афшураҳои гуногун, майсаи гандум, равғани наботот ва дар бофтаҳои ҳайвонот дидан мумкин аст. Норасоии ин витамин ба афзоиш наёфтани ҳуҷайраҳои ҷинси занона ва мардона сабаб мешавад. Инчунин мушакҳои кундаланграхи скелет осеб мебинанд.

Витамини К. Ба витаминҳои дар обҳалшаванда дохил шуда, дар ҷараёни лахташавии хун иштирок мекунад. Ин витаминро дар таркиби махсулоти ғизоӣ дидан мумкин аст ва он дар рӯдаи ғафси одам ҳосил мешавад. Норасоии ин витамин лахташавии хунро суст мекунад, ки одам ҳангоми хунравии зиёд аз ҷойи осебдидаи организм фавтиданаш мумкин аст.

Витамини Н. Ба витаминҳои дар об ҳалшаванда дохил шуда барои дохилшавии дуоксиди карбон дар организм ва кислотаҳои гуногуни органикӣ хизмат мекунад. Витамини Н дар организм, дар системаи рӯдаҳо аз ҳисоби бактерияхо ҳосил мешавад. Нарасидани ин витамин ба осеб дидани пӯст, баста шудани иштиҳо ва хоболудӣ меорад.

Мавриди тазаккур аст, ки дар таркиби ғизоҳои маъмулии мо витаминҳо ба миқдори кофӣ бояд мавҷуд бошанд. Нигоҳ доштани витаминҳо дар маводи ғизо ба тарзи таомпазӣ, шароит ва муддати нигоҳдории маҳсулот вобаста аст. Витаминҳои гурӯҳи А, В1 ва В2 аз ҳама ноустуворанд. Муқаррар кардаанд, ки витамини А дар хӯрокпазӣ зуд вайрон мешавад. Сабзии пухта нисбат ба хомаш ду баробар кам витамини А дорад. Ҳангоми хушккунӣ ҳам витамини А вайрон мешавад.

Ҳарорати баланд миқдори витаминҳои гурӯҳи В-ро кам мекунад. Чунончӣ, гӯшт баъди пухтан аз 15 то 60%-и маҳсулоти аз растанӣ гирифташуда ва қариб панҷяки витаминҳои гурӯҳи В-ро талаф медиҳанд. Витамини С аз таъсири ҳарорати баланд ва ҳаво ба зудӣ вайрон мешавад. Аз ин рӯ сабзавотро пеш аз пухтан тоза кардан ва реза кардан лозим аст. Сабзавотро ба оби ҷӯш андохта, сарпӯши дегро пӯшида пухтан беҳтар аст. Ба оҳан расидан ҳам витамини С-ро вайрон мекунад. Аз ҳамин сабаб таомҳои сабзавотдорро дар зарфи сирдор пухтан фоиданоктар аст. Ҳар одам бояд рӯзона тавассути хӯрок ҳама витаминҳои заруриро гирад. Зимистон себ, сабзии хом, карам, равғани зард, тухм манбаи витаминҳо шуда метавонанд.

Бояд дониста бошем, ки дар ҳолатҳои гуногун, хусусан дар фасли гармо организм каме дигаргун шуда, инсонҳо худро бештар беҳолу хаста эҳсос мекунанд. Аз ин лиҳоз, мутахассисони соҳа ва табибони моҳир тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ ва ҳифзи саломатии бадан аз витаминҳо бештар истифода бояд кард. Зеро агар ба организм витамин нарасад, одам хаставу нороҳат мешавад. Барои ин мову шумо  бояд   меваю сабзавот, гӯшту растаниҳои аз витамин фаровонро зиёдтар истеъмол намоем, то худро аз бемадориву беҳолӣ эмин нигоҳ дорем

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 17, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ. Роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такмили ихтисос намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
Дар Душанбе вобаста ба нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд