35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ховалинг бинои нави беморхонаи марказӣ бунёд мешавад

Февраль 6, 2024 15:53

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки исломии рушд сохтмони бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг Раҳматулло Рабиев иттилоъ дод, беморхона бо шароити наву замонавӣ сохта шуда, ба тамоми талаботи стандартӣ ҷавобгӯ мебошад. Бино аз се ошёна ва ду тарафи он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 80 кат пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои баромадан ба ошёнаи дуюму сеюм дар он лифт насб мегардад.

Фармоишгари иншоот Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз ҷониби Бонки исломии рушд дар шафати бинои кӯҳнаи беморхонаи марказӣ бо харҷи 3,5 миллион доллар бунёд мегардад. Паймонкори  сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Центр» мебошад. Барои хариди таҷҳизоти дохили беморхона 650 ҳазор доллар ҷудо гардидааст.

Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, дар он 120 сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Аллакай 70 фоизи корҳо ба анҷом расида, дар назар аст, ки моҳҳои март ва апрели соли 2024 бино ба истифода дода шавад.

«Дар сурати пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ 4 шуъбаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ба бинои нав кӯчонида мешавад», — гуфт сардухтури беморхона Раҳматулло  Рабиев.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд