Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 55-уми Комиссияи омори Созмони Милали Муттаҳид иштирок дорад

Февраль 29, 2024 13:34

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ки аз 27 феврал то 1 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  мегузарад, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид мақоми олии низоми байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҷаласаҳои он стандартҳои ҷаҳонии ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳни маълумоти оморӣ баррасӣ ва тасдиқ мешаванд. Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба принсипҳои асосии омори расмӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва мушкилиҳои ҷойдошта, низоми ҳисобҳои миллӣ, сарчашмаҳо ва усулҳои нави ҷамъоварии маълумоти оморӣ, махсусан истифодаи маълумоти калон баррасӣ мегарданд.

Зимни ҷаласаи сатҳи баланд роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо оид ба дастовард ва рушди низоми   омори миллӣ бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир, гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ҳамгироии махзани маълумот бо дигар вазорату идораҳо, дарёфт ва ба ҳисобот ворид намудани маълумот аз дигар манбаъҳои нави омори расмӣ табодули таҷриба намуда, мушкилоти ҷойдоштаро муҳокима менамоянд.

Дар рӯзи аввали кори ҷаласа маърузаи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба принсипҳои асосии омори расмӣ манзур гардид. Ҳайати Тоҷикистон доир ба дигар мавзуъҳо низ маърузаҳои расмӣ пешниҳод менамояд.

 АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид
Масоили соҳаи роҳсозӣ ва роҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ дар Конфронси панҷуми байналмилалии CARS-2026 дар Душанбе баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши андозии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
«Shohin Airlines» як ҳавопаймои навъи L-410-ро вориди парки ҳавопаймоҳояш намуд
Дар Брест ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои ИДМ баргузор гардид
Форуми «CAPIF-5» дар Душанбе ба таҳкими пайвастагии рақамӣ ва рушди ҳамкории интернетии Осиёи Марказӣ бахшида шуд
Файзиддин Қаҳҳорзода ва Лорд Ҷон Алдердайс самтҳои афзалиятноки соҳаҳои идоракунии молияи давлатӣ ва рақамикунониро баррасӣ намуданд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид