Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 55-уми Комиссияи омори Созмони Милали Муттаҳид иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, ки аз 27 феврал то 1 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегузарад, иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид мақоми олии низоми байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҷаласаҳои он стандартҳои ҷаҳонии ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳни маълумоти оморӣ баррасӣ ва тасдиқ мешаванд. Дар ҷаласа гузоришҳо оид ба принсипҳои асосии омори расмӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва мушкилиҳои ҷойдошта, низоми ҳисобҳои миллӣ, сарчашмаҳо ва усулҳои нави ҷамъоварии маълумоти оморӣ, махсусан истифодаи маълумоти калон баррасӣ мегарданд.
Зимни ҷаласаи сатҳи баланд роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо оид ба дастовард ва рушди низоми омори миллӣ бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир, гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ҳамгироии махзани маълумот бо дигар вазорату идораҳо, дарёфт ва ба ҳисобот ворид намудани маълумот аз дигар манбаъҳои нави омори расмӣ табодули таҷриба намуда, мушкилоти ҷойдоштаро муҳокима менамоянд.
Дар рӯзи аввали кори ҷаласа маърузаи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода вобаста ба принсипҳои асосии омори расмӣ манзур гардид. Ҳайати Тоҷикистон доир ба дигар мавзуъҳо низ маърузаҳои расмӣ пешниҳод менамояд.
АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






