ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 16 феврал дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 15, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе ва Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати молия соати 09:00 доир мегардад.

Дар Прокуратураи генералӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 доир мегардад.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 10:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» нишасти матбуотӣ соати 09:00 (кӯчаи Назаршоев, 7, назди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе») доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов соати 11:00 баргузор мешавад.

Дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва нишасти матбуотӣ соати 15:00 (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 82, назди Литсейи касбии алоқа) гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023  29 январ оғоз шуда, 16 феврал ҷамъбаст мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад