Ҳамоҳангсози доимии СММ нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа муҳим мебошад. Чунин арзёбӣ намуд Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати дар мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, зимни мулоқот оид ба вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ва минтақа, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот пешниҳод гардид.
Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тамоюли солҳои охир зиёд гаштани воситаҳои нашъадори синтетикӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар интиҳо ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории судманд дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС аз бойгонӣ








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






