Бо мақсади мубодилаи иттилооту дархост дар пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилооту дархост баҳри пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарони шуъбаи ҳуқуқии Созмони байналмилалии Интерпол, инчунин намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Интерпол ва дар ҳамоҳангӣ мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.
Ба таъкиди иштирокчиёни ҷаласа, Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубодилаи иттилоот ва баррасии дархостҳо бо сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои он корҳои назаррас ба анҷом расонидааст.
«Имрӯз таҳдиду хатарҳои замони муосир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор менамоянд, ки дар якҷоягӣ фаъолияти зичу қавиро амалӣ намуда, ҳамеша пешсафтар аз ҷаҳони ҷиноятӣ бошанд», — гуфта шуд зимни ҷаласа.
Ҳамзамон вобаста ба густариш додани муносибат дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ нақши ҳамоҳангии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамолики аъзои Интерпол дар таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳо муҳим арзёбӣ шуд.
Гуфта шуд, ки роҳбарияти Котиботи генералии «Интерпол» баҳри қавӣ гардидани ин ҳамкорӣ, ба таври муштарак фаъолият намудани 196 давлати аъзои он ва таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳо, инчунин дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани роҳбарону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба самти фаъолият, пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта, густариши ҳамкории мутақобилан судманд, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рафъи таҳдиду хатарҳои замони муосир, инчунин мубодилаи иттилооту таҷрибаи ҳамдигар сухан гуфта, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо таклифҳо пешниҳод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






