Бо мақсади мубодилаи иттилооту дархост дар пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ҳамоиш доир шуд

Февраль 8, 2024 15:46

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубодилаи иттилооту дархост баҳри пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Дар ҷаласа муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, сардори Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсарони шуъбаи ҳуқуқии Созмони байналмилалии Интерпол, инчунин намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ва аввалиндараҷаи Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Интерпол ва дар ҳамоҳангӣ мубориза  бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.

Ба таъкиди иштирокчиёни ҷаласа, Бюрои Маркази миллии «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубодилаи иттилоот ва баррасии дархостҳо бо сохторҳои қудратии давлатҳои аъзои он корҳои назаррас ба анҷом расонидааст.
«Имрӯз таҳдиду хатарҳои замони муосир кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор менамоянд, ки дар якҷоягӣ фаъолияти зичу қавиро амалӣ намуда, ҳамеша пешсафтар аз ҷаҳони ҷиноятӣ бошанд», — гуфта шуд зимни ҷаласа.

Ҳамзамон  вобаста ба густариш додани муносибат дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва пешгирии дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ нақши ҳамоҳангии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамолики аъзои Интерпол дар таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳо муҳим арзёбӣ шуд.

Гуфта шуд, ки роҳбарияти Котиботи генералии «Интерпол» баҳри қавӣ гардидани ин ҳамкорӣ, ба таври муштарак фаъолият намудани 196 давлати аъзои он ва таъмини амнияти сартосарӣ дар қаламрави ин давлатҳо, инчунин дастгиру ба ҷавобгарӣ кашидани роҳбарону аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба самти фаъолият, пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, дастгир намудани шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта, густариши ҳамкории мутақобилан судманд, таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рафъи таҳдиду хатарҳои замони муосир, инчунин мубодилаи иттилооту таҷрибаи ҳамдигар сухан гуфта, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо таклифҳо пешниҳод намуданд.

Февраль 8, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ