Дар Бӯстон оид ба нақши занон дар таҳкими сулҳу субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоиш доир гардид

Февраль 7, 2024 18:08

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 31–солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занони касбу кори гуногун, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки дастгирии давлатии ташаббусҳои неку дурандешонаи занону духтарон ва пуштибонӣ аз иқдоми шоистаи онҳо дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши занон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 чунин таъкид намуданд: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам овардем. Имрӯз занону духтарони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат менамоянд».

Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки имрӯз занони тоҷик дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Умед аст, ки занону модарон  минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар оилаи мамлакат нақши арзишманд мегузоранд.

Дар ҳамоиш раиси Шурои занони ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Назарзода иброз дошт, ки «имрӯз занон-хизматчиёни ҳарбӣ дар радифи родмардони Ватан заҳмату талош, ташаббусҳои созанда, некбинонаву ватандӯстонаашонро амалӣ менамоянд. Нақши онҳоро метавон дар пешрафту шукуфоии Ватан ва рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ баръало эҳсос намуд».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Февраль 7, 2024 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Махфират Хидирзода: «Паёми Президенти Тоҷикистон инъикоскунандаи интизориҳои ҷомеа нисбат ба масоили мухталиф аст»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
Дар Панҷакент оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиши ҳизбӣ доир шуд
Сокинони ноҳияи Айнӣ нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро сармашқи фаъолият қарор медиҳанд
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба шарҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши сиёсӣ доир шуд
РИОЯИ ОДОБУ РУСУМИ НЕКИ МИЛЛӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ