Дар биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисгоҳҳои бузург – барои 1000-1500 ҷойи нишаст бунёд гардидааст

Февраль 12, 2024 13:40

ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бомаром идома дорад. Барои дар муҳлати муқарраршуда ба истифода додани биноҳои мазкур аз ҷониби масъулин тадбирҳои муассир андешида мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 13 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Сохтмони биноҳо дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани хитоӣ амалӣ карда мешавад.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз — 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Дар ошёнаҳои бинои нави Парлумон маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

(ДАР АКС: маҷлисгоҳи якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст дар бинои нави Парлумон)

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 — ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Дар ошёнаҳои бинои Ҳукумат толор барои ҷаласаҳои ҳукумат бо 150 ҷойи нишаст, толорҳои дорои 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, 3 маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, матбаа, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳо сохта мешавад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос, бо нақшу нигор мувофиқ сохта мешавад.

Ороиши ҳуҷраҳо, толорҳои маҷлисгузаронӣ ва пештолорҳо бо нақшу нигори миллӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, шишабандӣ ва бо сангҳои табиӣ ороиш дода мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 12, 2024 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Тоҷикистон ва Созмони интиқоли хуни Эрон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Хуруҷи коронавируси нави COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад
Ба шаҳрҳои Бохтар ва Левакант техникаи нави партовпартоӣ тақдим гардид
Дар Тоҷикистон скутерҳо ба қайд гирифта шуда, бо рақами давлатӣ таъмин карда мешаванд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо ТИКА баррасӣ гардид
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 17 то 20 январ дар Тоҷикистон ҳаво номусоид мешавад
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд
Дар Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагард барои пешгирии танбашавии мошинҳо аз байн бардошта шуд
Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби барқарорсозии шунавоӣ гузаронида мешавад
ТАРМАФАРОӢ. Барои пешгирии ин офати табиӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
Соли 2025 барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ «Соли таъмини сифати таҳсилот» эълон гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ бинои нав сохта мешавад