Дар Хуҷанд таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст

Февраль 4, 2024 12:00

СУҒД, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, навсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба хабарнигорон маълумот дод.

Гуфта шуд, аз ин шумора то имрӯз 406 иншоот бунёд, навсозӣ ва таҷдид шуда, аз онҳо 39 иншоот дар соҳаи маориф, 45  иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 32 иншоот дар соҳаи варзиш, 109 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 29 бинои истиқоматӣ, 103 иншоот дар соҳаи саноат, 3 бинои маъмурӣ, 1 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ ва 45 иншоот дар дигар соҳаҳо бунёд, таъмиру таҷдид ва навсозӣ шуда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Раиси шаҳр илова намуд, ки ба раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ ҳамчун рисолати шаҳрвандӣ тақвияти рӯзафзун дода шуда, дар шаҳр бо истифода аз тамоми имконияту захираҳо бо маблағгузории давлатию бахши хусусӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 4, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд