Дар Индианаполис бар асари тирпаронӣ як нафар ҳалок гардид

Февраль 20, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Индианаполис (иёлати Индианаи ИМА)  бар асари тирпаронӣ як нафар ҳалок ва панҷ нафари  дигар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ширкати телевизионии NBC бо истинод ба полиси шаҳр хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса дар яке аз тарабхонаҳои шабакаи Waffle House ба амал омадааст. Полис баъди гирифтани иттилоъ дар бораи тирпаронӣ ба маҳали ҳодиса омад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар ин назар ҳастанд, ки он дар натиҷаи низоъ байни ду гурӯҳи мизоҷон оғоз ёфтааст.

Панҷ нафар маҷруҳе, ки дар дохили муассиса пайдо шуданд, дар беморхона бистарӣ гардиданд, як нафар худаш ба муассисаи тиббӣ расидааст. Зани захмбардошта баъдтар дар беморхона фавтид.

Дар айни замон гумонбарон муайян нашудаанд. Аз рӯи воқеа тафтиш оғоз шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид