Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад

Февраль 8, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти  амалкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05 фоиз овози интихобкунандагон дар интихоботи ғайринавбатии президентии ин кишвар, ки рӯзи чоршанбе баргузор гардид, пешсаф мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон Мазоҳир Панахов дар асоси омӯзиш ва баррасии  санадҳои ниҳоии беш аз 93 фоизи қитъаҳои интихоботӣ тавассути шабакаи телевизионии AzTv хабар дод.

Роҳбари ҳизби «Бунёдкори бузург» Фазил Мустафа 2 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб гардид. Вакили парлумон ва роҳбари ҳизби «Ҷабҳаи халқии ягонаи Озарбойҷон» Гудрат Гасангулиев ба гирифтани 1,76 фоиз овози интихобкунандагон, роҳбари ҳизби «Ҷабҳаи миллӣ» Рази Нуруллаев ба гирифтани 0,8 фоиз овози интихобкунандагон, роҳбари ҳизби «Озарбойҷони Бузург» Элшад Мусаев ба гирифтани 0,67 фоиз овози интихобкунандагон ва номзади худпешбар, собиқ роҳбари Ҳизби либерал-демократии Озарбойҷон Фуад Алиев ба гирифтани 0,53 фоиз овози интихобкунандагон ноил шуданд.

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон, дар интихоботи президентӣ 76,73 фоизи интихобкунандагон иштирок намуданд. Аз 6 миллиону 478 840 нафар интихобкунандагони сабтшуда  4 миллиону 971 ҳазору 32 интихобкунанда ба қитъаҳои овоздиҳии интихоботи президентӣ ҳозир шуданд. Дар интихоботи гузашта, ки соли 2018 баргузор гардид, ин нишондиҳанда 74,5 фоизро ташкил дода буд.

Февраль 8, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд