Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05 фоиз овози интихобкунандагон дар интихоботи ғайринавбатии президентии ин кишвар, ки рӯзи чоршанбе баргузор гардид, пешсаф мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентиро роҳбари Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон Мазоҳир Панахов дар асоси омӯзиш ва баррасии санадҳои ниҳоии беш аз 93 фоизи қитъаҳои интихоботӣ тавассути шабакаи телевизионии AzTv хабар дод.
Роҳбари ҳизби «Бунёдкори бузург» Фазил Мустафа 2 фоизи овози интихобкунандагонро соҳиб гардид. Вакили парлумон ва роҳбари ҳизби «Ҷабҳаи халқии ягонаи Озарбойҷон» Гудрат Гасангулиев ба гирифтани 1,76 фоиз овози интихобкунандагон, роҳбари ҳизби «Ҷабҳаи миллӣ» Рази Нуруллаев ба гирифтани 0,8 фоиз овози интихобкунандагон, роҳбари ҳизби «Озарбойҷони Бузург» Элшад Мусаев ба гирифтани 0,67 фоиз овози интихобкунандагон ва номзади худпешбар, собиқ роҳбари Ҳизби либерал-демократии Озарбойҷон Фуад Алиев ба гирифтани 0,53 фоиз овози интихобкунандагон ноил шуданд.
Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон, дар интихоботи президентӣ 76,73 фоизи интихобкунандагон иштирок намуданд. Аз 6 миллиону 478 840 нафар интихобкунандагони сабтшуда 4 миллиону 971 ҳазору 32 интихобкунанда ба қитъаҳои овоздиҳии интихоботи президентӣ ҳозир шуданд. Дар интихоботи гузашта, ки соли 2018 баргузор гардид, ин нишондиҳанда 74,5 фоизро ташкил дода буд.