Дар қисмҳои низомии ноҳияи Дарвоз Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд

Февраль 11, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ дар қисми низомӣ ва қисми ҳарбии ноҳия бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Дар ин рӯз иштирокчиён бо шароити зист ва хизматбарии сарбозони қисми низомии ноҳия шинос шуданд.

Дар Рӯзи дарҳои кушод аз ҷониби намояндагон, сарбозон ва афсарон ба ҷавонон оид ба ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ, ифтихори миллӣ, дӯст доштани Ватан-Модар суҳбатҳо гузаронида шуданд.

Баъдан масъулин иштирокчиёнро бо ҷойҳои фароғатӣ, толорҳо, майдонҳои ҳарбии варзишӣ, ошхонаву ҷои хоби сарбозони қисми низомӣ, иншоот ва лавозимоти ҷангӣ шинос намуданд.

Баргузор намудани чунин чорабиниҳои тарбиявӣ ҷиҳати бештар тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ дар замири наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Февраль 11, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд