Дар қисмҳои низомии ноҳияи Дарвоз Рӯзи дарҳои кушод гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрӣ дар қисми низомӣ ва қисми ҳарбии ноҳия бо иштироки ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар ин рӯз иштирокчиён бо шароити зист ва хизматбарии сарбозони қисми низомии ноҳия шинос шуданд.
Дар Рӯзи дарҳои кушод аз ҷониби намояндагон, сарбозон ва афсарон ба ҷавонон оид ба ватандӯстӣ, созандагию бунёдкорӣ, ифтихори миллӣ, дӯст доштани Ватан-Модар суҳбатҳо гузаронида шуданд.
Баъдан масъулин иштирокчиёнро бо ҷойҳои фароғатӣ, толорҳо, майдонҳои ҳарбии варзишӣ, ошхонаву ҷои хоби сарбозони қисми низомӣ, иншоот ва лавозимоти ҷангӣ шинос намуданд.
Баргузор намудани чунин чорабиниҳои тарбиявӣ ҷиҳати бештар тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ дар замири наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз








Натиҷаҳои даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъбаст гардиданд
ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд






