Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстӣ машварати омӯзишӣ доир шуд

Февраль 14, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Машварат дар доираи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  ва ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, пешгирӣ намудани раванди шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, инчунин иҷрои талаботи Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин баргузор гардид.

Зимни машварати омӯзишӣ  доир ба сиёсати сулҳҷӯёна, маорифпарварона ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтавои  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии ҳукумати мамлакат баланд бардоштани шароити иҷтимоии мардум ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар раванди суҳбат мавзуъҳои танзими ҷашну маросим ва тарбияи фарзандон аз ҷониби волидайн, роҳҳои тарбия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҳамоиш инчунин вобаста ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин, оид ба танзими расму оин, гузаронидани тӯйю маъракаҳои камхароҷот, таълиму тарбияи фарзандон ва эҳтироми падару модар сухан гуфта шуд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд