Дар «Тоҷикфилм» Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Роҳбарияти «Тоҷикфилм» ва намояндагони ҳизб доир ба таъсис ва таҳкими ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ибрози назар намуданд.
Иброз гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таъсис ёфта, ҳоло ба сохтори мукаммалу боэътимод ва муназзаму муосир мубаддал гаштааст.
Маҳз бо ибтикор ва кӯшишҳои хастагинопазири Пешвои миллат Қувваҳои Мусаллаҳ бе ягон мероси низомӣ бунёд шуда, Артиши воқеан миллӣ гардид ва имрӯз дар фазои сулҳу амният сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати амалисозии сиёсати бунёдкорона ва хирадмандонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқонаву софдилона меҳнат менамояд.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар фарди соҳибватан мояи ифтихор буда, қарзи шаҳрвандию инсонии ҷавонону бонангу номуси тоҷик ба шумор меравад.
Дар идома кормандони фаъоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






