Дар Тошканд татбиқи санадҳои баимзорасида байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Февраль 26, 2024 18:05

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла бандҳои дахлдори Протоколи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва «Харитаи роҳ» доир ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ байни ду давлат дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Ҷонибҳо доир ба истифодаи имконияти васеи ҳамкорӣ байни ду давлат изҳори назар намуда, омодагиашонро дар робита ба соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт ва сармоя баён намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Февраль 26, 2024 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд