Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба қонунгузории соҳа машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои сардорону кормандони котиботи сохторҳои вазорат ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатӣ дар самти омӯзиши талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот машварати омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони ваколатдори Саридора ва кормандони дахлдори сохторҳои вазорат иштирок намуданд.
Зимни баргузорӣ масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла роҳҳои беҳтар ва самарабахши таҳкими назорати соҳавӣ, роҳҳои илмиву амалии рушди техникии иттилоот, инчунин талаботи Дастурамали тадбирҳои дохилиидоравии ҳифзи иттилооти дастрасиаш маҳдуд дар мақомоти давлатӣ ва ташкилот ва дигар чорабиниҳои гуногуни марбут ба фаъолияти корӣ баррасӣ шуданд.
Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ва дар доираи фаъолияти корӣ табодули афкор намуданд.
АКС: Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ








Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд






