ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мева ва ороишӣ шинонида шуд

Февраль 10, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 10.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар экосистемаҳои Мамнуъгоҳи  биосферии «Ромит»  беш аз 1000 бех ниҳоли дарахтони мева ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин иқдом  дар асоси дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  амалӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ҳифзу нигоҳдории ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, бахусус ҳолати табиии экосистемаҳои хос, муҳити сукунати олами ҳайвоноти нодир ва пешгирии таназзули   экосистемаҳои табиӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Кормандони Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуда, дар беҳдошти муҳити зисти ин гӯшаи табиати зебои ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд.

Ниҳолҳои дарахтони мева ва сояафкану ороишии навъҳои санавбар, айлан, туйка ва олучаи даштӣ хоси иқлими экосистемаи Мамнуъгоҳи биосферии Ромит  буда, бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуданд.

Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» ба парваришгоҳи кабк рафта, ба масъулини соҳа барои мунтазам амалӣ намудани чорабиниҳои биотехникӣ ва ба ин васила аз талафот эмин нигоҳ доштани олами ҳайвоноту парандагони нодир дар давраи сардии зимистон дастурҳои мушаххас доданд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд