Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол беҳтарин дастаи соли 2023 дониста шуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 феврал натиҷаҳои соли 2023-ро ҷамъбаст ва барандагони ҷоизаҳоро дар бахшҳои мухталифи соҳаи варзиш муайян намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия ғолиб омад, ҷоизаи «Беҳтарин дастаи соли 2023»-ро соҳиб шуд.
Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар Ҷоми Осиё-2023 муваффақона бозӣ намуда, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва муваффақияти онҳо дар таърихи варзиши мамлакат ҳамчун дастоварди беназир сабт гардид.
Илова бар ин Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин федератсияи варзишии мамлакат дар соли 2023 эътироф шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






