Дастаи футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Февраль 19, 2024 13:19

ДУШАНБЕ, 19.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз 14 феврал то 2 март дар Ҷидда ҷамъомади таълимиву тамринӣ баргузор намуда, бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 26 ва 28 феврал баргузор мешаванд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомад дар Арабистони Саудӣ ҷиҳати анҷоми ду бозии санҷишӣ бо дастаи мунтахаби Узбекистон (4 ва 5 март) ба Тошканд сафар менамояд.

Аввали моҳи феврал футзалбозони Тоҷикистон бо тими миллии Кувайт ду рақобати санҷишӣ (3:3, 2:4) доир намуданд.

Бояд таъкид намоем, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайиланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) неру месанҷад.

Бозиҳои дӯстона

26 феврал (душанбе)

Арабистони Саудӣ –  ТОҶИКИСТОН

Ҷидда, Арабистони Саудӣ

28 феврал (чоршанбе)

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Ҷидда, Арабистони Саудӣ

4 март (душанбе)

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, Узбекистон

5 март (сешанбе)

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, Узбекистон

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 19, 2024 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд