Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии санҷишӣ анҷом дод

Февраль 29, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Ҷидда ду бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Футзалбозони мо дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду вохӯрии дӯстона анҷом дода, дар ҳарду бо ҳисоби 1:2 ва 2:4 мағлуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Арабистони Саудӣ ба Тошканд рафта, дар он ҷо бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 4 ва 5 март баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17 то 28 апрел дар Тайиланд баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18 апрел), Қирғизистон (20 апрел) ва Ҷопон (22 апрел) неру месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Афғонистонро мағлуб кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад