Финляндия дар бораи эпидемияи вирус байни кӯдакони хурд хабар додааст
ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Финландия эпидемияи вируси нафаскашӣ-синтситиалӣ (RSV) ошкор шудааст, ки асосан ба навзодон ва кӯдакони хурдсол хатар дорад, иброз дошт табиби беморхонаи минтақаи Финляндияи Марказӣ Ева Аалтонен. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар доааст.
Аалтонен ишора намуд, ки эпидемияи RSV, зоҳиран назар ба соли гузашта ҷиддитар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, имсол ҳолатҳои беморӣ зиёд шудаанд. Табиб инчунин хабар дод, ки шумораи беморон давоми якчанд ҳафта дар як сатҳ боқӣ мондааст, бинобар ин афзоиши беморӣ мушоҳида намешавад.
Иттилоъ мешавад, ки вируси нафаскашӣ-синтситиалии инсон табобатшаванда буда, нишонаҳояш – нафаскашии тез ва душвор, маҳкам шудани бинӣ, сулфа ва душворӣ ҳангоми истеъмоли хӯрок мебошанд.
АКС аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






