ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаҳои мунтахаб ва олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол Шаҳром Самиев фаъолияташро дар тими «Андиҷон», ки ба Суперлигаи Узбекистон дохил аст, идома медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Шаҳром Самиев бо дастаи «Андиҷон» шартномаи сесола баст. Қаблан Самиев дар дастаҳои «Барқчӣ», «Помир», «Истиқлол» (ҳама аз Душанбе), «Рубин» (Русия), «Шериф», «Динамо-Авто», «Зимбру» (ҳама аз Молдова), «Торпедо-Жодино», «Ислоч» (ҳарду аз Беларус) ҳунарнамоӣ намудааст. Охирин бошгоҳи Самиев «Милсами»-и Молдова мебошад.
Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат 27 бозӣ карда, муаллифи 7 гол гардидааст. Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ иштирок кард.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






