ФУТБОЛ. Шаҳром Самиев фаъолияташро дар дастаи «Андиҷон»-и Узбекистон идома медиҳад

Февраль 26, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамлагари дастаҳои мунтахаб  ва олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол Шаҳром Самиев фаъолияташро дар тими «Андиҷон», ки ба Суперлигаи Узбекистон дохил аст, идома медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Шаҳром Самиев бо дастаи «Андиҷон» шартномаи сесола баст. Қаблан Самиев дар дастаҳои «Барқчӣ», «Помир», «Истиқлол» (ҳама аз Душанбе), «Рубин» (Русия), «Шериф», «Динамо-Авто», «Зимбру» (ҳама аз Молдова), «Торпедо-Жодино», «Ислоч» (ҳарду аз Беларус) ҳунарнамоӣ намудааст. Охирин бошгоҳи Самиев «Милсами»-и Молдова мебошад.

Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар дастаи миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат 27 бозӣ карда, муаллифи 7 гол гардидааст. Дар Ҷоми Осиё-2023 Самиев дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон дар панҷ бозӣ иштирок кард.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд