«ХАТТИ ТАЙЁР». Дар вилояти Суғд техникаҳои кишоварзӣ ба мавсим омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд маъракаи қабули техникаҳои кишоварзии «Хатти тайёр» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маърака роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ, вилояти Суғд, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 1272 трактор ва қариб 3000 мошинолоти гуногун мавҷуд буда, 90 дар сади онҳо омодаи кор мебошанд. Инчунин дар ин ноҳияҳо 15 маркази хизматрасонии техникӣ ва зиёда аз 50 нуқтаи маслиҳатдиҳиву машваратӣ фаъолият доранд.
Зимни мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва омодагии пурраи техникаву мошинолот маслиҳатҳои муфид дода шуд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид






