ИҶРОИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» бо кормандон вохӯриҳои судманд доир шуданд

Февраль 7, 2024 15:11

НОРАК, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иборат аз вакилони шаҳрӣ, фаъолону аҳли адабу фарҳанг иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023-ро ба кормандони неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» — корхонаҳои стратегии ҷумҳурӣ расониданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.

Зимни суҳбатҳо баён гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши асосӣ дорад.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас  гузошт.

Муовини сармуҳандиси Неругоҳи барқи обии «Норак» Анвар Киромиддинов изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  аз оғоз то анҷом ваҳдату ҳамгироӣ ва ободкориҳои сокинони мамлакатро фарогир аст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварӣ таъкид шудааст.

Кормандони Неругоҳи барқи обии «Норак» бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои барқарорсозии неругоҳ аз тарафи ширкати «Андритс Гидро», ки дорои таҷрибаи бойи амалисозии лоиҳаҳои байналмилалии гидроэнергетикӣ ва бузургтарин ширкати ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, амалӣ мегардад. Ин дар рушди энергетикаи ҷумҳурӣ нақши асосӣ дорад.

Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Норак гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба сокинон мерасонанд.

Мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак  Сарвиноз Саидмуродова иброз дошт, ки “дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2024  Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Ин мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро водор месозад, то  зимни амалӣ гардидани вазифаҳо кӯшиш ба харҷ дода, сатҳи дониши аҳолӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар намояндагони гуногункасбро баланд бардоранд. Эълони ин сол моро водор месозад, ки вазифаамонро дучанд амалӣ созем ва дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми бештар гузорем”.

Ҳоло дар асоси нақшаи чорабиниҳои вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мунтазам дар ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таълимии шаҳр бо  мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ суҳбату вохӯриҳо доир мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 7, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон таъмин карда мешавад
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳри Турсунзода оид ба таҳкими бозори муосири меҳнат конференсияи илмӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд

Маводҳои таҳлилӣ