ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад

Февраль 9, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт мешаванд.

Муовини Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ 7 феврал  дар Душанбе дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки ин тамоюл  дар самти иҷрои Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани  ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» нақши муассир мегузорад.

Инчунин таъкид шуд, ки хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои  он тавассути  низоми электронии TFMIS  SGB. net –и хазинадории Вазорати  молияи ҷумҳурӣ ва бо роҳи  ғайринақдӣ амалӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, иқдоми саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мамлакат ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Инчунин гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва сабаби сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид