Иттиҳоди Аврупо ҷазо барои ҷиноятҳои экологиро сахттар намудааст

Февраль 28, 2024 17:47

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Парлумони Аврупо дастури нави Иттиҳоди Аврупо (ИА) — ро қабул намуд, ки рӯйхати ҷиноятҳои зидди муҳити зистро васеъ ва муҷозотро барои онҳо сахттар менамояд. Барои ҷинояти экологӣ, ки боиси марги одамон мегардад, то 10 соли зиндон таҳдид менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Kazinform бо истинод ба DW хабар додааст.

Парлумони Аврупо (ПА) рӯзи сешанбе, 27 феврал, бо аксарияти овозҳо дастури навшудаи Иттиҳоди Аврупоро дар бораи мубориза бо ҷиноятҳо бар зидди муҳити зист тасдиқ намуд. Тибқи иттилои сомонаи Парлумони Аврупо, 499 вакили Парлумони Аврупо ба тарафдории ин санад овоз дода, 100 нафар бар зидди он баромадаанд, 23 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ намудаанд.

Ба вайронкунии ҷиддии экологӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии чӯб, ки тавассути буридани ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, истифодаи ғайриқонунии қисмҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарноки мошинҳо ва вайрон намудани қоидаҳои истифодаи моддаҳои кимиёвии ба муҳити зист зараровар дохил мешаванд.

Барои ҷиноятҳои бадқасдонаи экологӣ, ки ба марг оварда мерасонанд, ба шахсони воқеӣ дар тамоми давлатҳои Иттиҳоди Аврупо маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол таҳдид менамояд.

Инчунин барои ширкатҳо вобаста ба ҷиноятҳои вазнин нисбат ба муҳити зист ҷарима дар ҳаҷми то 5% аз гардиши ҷаҳонии солонаи онҳо ё пардохти то 40 миллион евро пешбинӣ шудааст.

Акс: Eli Driu

Февраль 28, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад