Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон дар марказҳои зеҳнии пешрафтаи ҷаҳон такмили ихтисос намуданд

Февраль 7, 2024 15:29

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбӣ,  коршиносони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар марказҳои зеҳнии пешрафтаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз такмили ихтисос гузаштанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Маркази тадқиқоти стретегӣ Хайриддин Усмонзода ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» дар бораи чӣ гуна  амалӣ  гардидани такмили ихтисоси  кормандони ин мақомот посух дод.

Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ бо марказҳои таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар кишварҳо таҷрибаи таҳлилию коршиносии кормандони марказро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, он боз ҳам бештар  тақвият  меёбад.

Таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд маркази таҳлилӣ ва пажуҳишии дигар давлатҳо ҳамкории самарабахш дорад. Танҳо соли сипаригардида Марказ бо марказҳои таҳлилию зеҳнии Туркманистон, Беларус, Чин ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум имзо намуд, ки дар асоси он табодули кормандон дар назар дошта шудааст.

Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои тарғибу тавзеҳи мавқеи сиёсати давлатии мамлакат аз ҷониби коршиносон доир ба масъалаҳои рӯзмарра ва ҷолиби тарафайни давлатҳо дар фаъолияти марказ муҳим арзёбӣ гардида, марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар ин муддат ҳамкориро густариш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази таҳлилии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Форуми Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ, Маркази Созмони Милали Муттаҳид доир ба дипломатияи боздоранда дар Ашқобод, Форуми марказҳои стратегии Осиёи Марказӣ  ва Чин, Форуми марказҳои стретегии Осиёи Марказӣ  ва Кореяи Ҷанубӣ мебошад.

 Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2024 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд