Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соҳиби таҷҳизоти махсус барои корҳои наҷотдиҳии фаврӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш воҳиди таҷҳизоти махсус барои корҳои наҷотдиҳии фаврӣ дастрас гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Таҷҳизоти махсус дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба идоракунии офатҳои табиӣ харид шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби барномаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Кумита мошинҳои обӣ барои воҳидҳои наҷотдиҳии кумита дода шуданд.
Тамоми воситаҳои техникӣ барои сари вақт рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ, анҷом додани наҷотдиҳии фавқулода ва дигар корҳои таъхирнопазир пешбинӣ шудаанд.
Дар маросими тантанавӣ роҳбарияти кумита ва намояндагони Лоиҳаи миллии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






