Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соҳиби таҷҳизоти махсус барои корҳои наҷотдиҳии фаврӣ гардид

Февраль 13, 2024 15:07

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш воҳиди таҷҳизоти махсус барои корҳои наҷотдиҳии фаврӣ дастрас гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Таҷҳизоти махсус  дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба идоракунии офатҳои табиӣ харид шудааст.

Ҳамчунин аз ҷониби барномаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Кумита мошинҳои обӣ барои воҳидҳои наҷотдиҳии кумита дода шуданд.

Тамоми воситаҳои техникӣ барои сари вақт рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ, анҷом додани наҷотдиҳии фавқулода ва дигар корҳои таъхирнопазир пешбинӣ шудаанд.

Дар маросими тантанавӣ роҳбарияти кумита ва намояндагони Лоиҳаи миллии мубориза бар зидди офатҳои табиӣ иштирок намуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2024 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«Собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ нақши назаррас мегузоранд», — бардошт аз ҳамоиш
Дар Душанбе ҷаласаи ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
Таваҷҷуҳ! Насби таҷҳизоти махсуси рӯшноӣ ва садо дар мошинҳои шахсӣ хилофи қонун аст
Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд