Маркази миллии қонунгузорӣ баъди экспертизаи ҳуқуқӣ 505 таклифро ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намуд

Февраль 2, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2023 ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 120 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаҳои экспертизаи ҳуқуқӣ 505 таклиф ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда баҳри бартараф намудани камбудиҳои лоиҳаҳо пешниҳод шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузорӣ Изатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки ҳамзамон бо мақсади таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 қонун таҳлил гардид.

Инчунин соли 2023 180 самти афзалиятноки таҳқиқоти илмию ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир гардонида шуд.

Гузаронидани таҳқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, дар ин давра аз тарафи кормандон 135 мақолаи илмию оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун таҳия ва нашр гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид