Маркази миллии қонунгузорӣ баъди экспертизаи ҳуқуқӣ 505 таклифро ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 120 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ворид гардида, аз натиҷаҳои экспертизаи ҳуқуқӣ 505 таклиф ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда баҳри бартараф намудани камбудиҳои лоиҳаҳо пешниҳод шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузорӣ Изатулло Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳамзамон бо мақсади таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 қонун таҳлил гардид.
Инчунин соли 2023 180 самти афзалиятноки таҳқиқоти илмию ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия ва дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир гардонида шуд.
Гузаронидани таҳқиқоти илмию таҳлилӣ оид ба ҳолат, раванди инкишоф ва амалияи истифодаи қонунгузорӣ яке аз вазифаҳои асосии Марказ буда, дар ин давра аз тарафи кормандон 135 мақолаи илмию оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун таҳия ва нашр гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






