МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Нафароне, ки аз диабети қанд ва бехобӣ азият мекашанд, истеъмоли бодом барояшон фоида дорад

Февраль 11, 2024 08:59

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бодом бутта ва ё дарахти на он қадар бузург буда, қариб 50 намуди он дар ҷаҳон маълум аст. Меваи бодом бинобар таркиби табиияш хеле фоидаовар буда, манбаи калсий, оҳан, магний, фосфор ва калий мебошад. Нафароне, ки аз диабети қанд, бехобӣ ва бемории дилу рагҳо азият мекашанд, истеъмоли бодом метавонад ба саломатии онҳо таъсири мусбат расонад. Ҳамзамон хурдани бодом раванди пиршавиро пешгирӣ менамояд.

Ба гуфтаи мутахассисон, бодом дорои бисёр витаминҳои В, B1, B2, B3, B5, B6, B9, витамини E буда, барои дил ва рагҳои хун муфид аст. Зеро дар таркиби онҳо равғанҳои серғизо, аминокислотаҳо ва минералҳои зиёде мавҷуд ҳастанд.

Бодом дорои 96 фоиз марган (RSP) мебошад, ки ин микроэлемент сатҳи қанди хунро танзим намуда, ба истеҳсоли инсулин мусоидат менамояд. Табибон барои беҳтар шудани кори дил, пешгирии  пиршавӣ ва муҳофизат аз диабети қанд дар як рӯз хӯрдани 5-6 дона бодомро кифоя меҳисобанд.

Нафароне, ки ба ҳар гуна маҳсулот ҳассосият ва вазни зиёдатӣ доранд, бояд дар вақти хӯрдани бодом ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

Духтурон хӯрдани бодомро барои нигоҳ доштани системаи асаб ва фаъолияти муътадили мағзи сар муфид дониста, тавсия медиҳанд, ки дар як рӯз дар ҳаҷми 10-15 дона бояд бодомро истеъмол намуд. Нафароне, ки синнашон аз 50 боло мебошад, мебояд бодомро барои бардамӣ ва пешгирии бемории Алтсгеймер истифода баранд. Антиоксидантҳои растанӣ, ки дар бодом мавҷуд ҳастанд, хобро ба эътидол меоранд ва бехобии вобаста ба синн ва асабонияти мавсимиро рафъ месозанд.

Кислотаҳои равғани бодом баданро аз ворид шудани глюкозаи аз ҳад зиёд ба хун муҳофизат менамоянд. Аз ин рӯ, бодом барои одамони гирифтори диабет муфид аст. Он инчунин ба масунияти организм таъсири судманд мерасонад.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки бодомро аз 3-солагӣ барои хӯрдан ба кӯдакон додан мумкин аст. Флавоноидҳо дар мағзи бодом буда, ҷисми хурдро мустаҳкам намуда, иммунитетро баланд мебардоранд. Хусусияти судманди бодом, ки махсусан барои саломатии кӯдакон муҳим аст, ин пешгирии камхунӣ ва беҳтар шудани биноӣ мебошад.

Набояд бодомро аз ҳад зиёд истеъмол намуд, зеро бодом калориянокии зиёд дорад ва метавонад боиси фарбеҳии зиёдатӣ гардад. Дар натиҷа пайдо шудани вазни иловагӣ эҳтимол дорад.

Бодом аз микроэлементҳои гуногуни фоиданок, аз ҷумла калсий, магний, калий ва фосфор бой аст.  Онро ҳамчун доруи сулфа истифода бурдан мумкин аст. Аз сабаби миқдори зиёди антиоксидантҳо он метавонад ҳамчун давои хуби зидди пиршавӣ дар организм хизмат намояд.

Дар тибби муосир равғани бодом ба сифати давои рафъи қабзият тавсия дода мешавад. Онро ба таркиби линиментҳо, марҳамҳо, кремҳои гуногун илова менамоянд. Ҷавҳари обии мағзи бодом тарашшуҳи шираи меъдаро кам сохта, барои муолиҷаи газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст.

Ҳамзамон равғани бодомро метавон бо мақсади зебоӣ истифода бурд. Онро барои беҳтар намудани ҳолати пӯст ва мӯйи сар истифода мебаранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, бодом бояд хушк бошад. Агар намӣ дошта бошад, он муддати дароз нигоҳ дошта намешавад. Бодомҳоро дар ҷои хунук ва торик, дур аз нурҳои Офтоб бояд нигоҳ дошт. Ҷойи беҳтарин анбори хӯрокворӣ ё яхдон аст. Онро дар зарфи шишагин сарпӯш намуда, дар яхдон гузоред, то муҳлати нигоҳдориаш бештар гардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон