Муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт навсозию таъмир ва бо таҷҳизоти пешрафтаи соҳа муҷаҳҳаз мегарданд

Февраль 4, 2024 08:58

РАШТ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳамкории  судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ва татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» имрӯзҳо дар ноҳияи Рашт корҳои сохтмон ва таъмиру таҷҳизонидани  маркази ташхису табобат, бинои Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии ноҳиявӣ, шуъбаи таваллуд идома доранд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.

Мувофиқи ин лоиҳа, баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ ин муассисаҳо бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳаи тиббӣ  муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот мутобиқи қоидаҳои меъморӣ гузаронида шуда, ҳоло 70%-и он ба анҷом расидааст. Бояд гуфт, ки баъди таъмиру навсозӣ ин муассисаҳо ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии ноҳияи Рашт ва сокинони навоҳии минтақаи Рашт  хизмати тиббӣ мерасонанд.

Дар ноҳияи Рашт барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, Маркази саломатии  ноҳиявӣ, 19  маркази саломатии деҳот, 49  хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ  фаъолият намуда, дар онҳо 131  табиб ва 452   корманди миёнаи тиб  фаъолият менамоянд. Инчунин  диспансери байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияи Рашт бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 366  кати бистарӣ мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Февраль 4, 2024 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд