Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 17 афсар ва курсант дар мактабҳои олии дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ҳамчунин 10 хизматчии ҳарбие, ки машғули таҳсил буданд, баъд аз хатми муассисаи касбии олӣ ба Кумита барои идомаи хизмати ҳарбӣ баргаштанд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тазаккур дода шуд, ки бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо соли 2023 259 хизматчии ҳарбии Кумита дар 84 конфронс, даврҳои омӯзишӣ ва тамринҳо иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Кумита соли 2024 амалӣ намудани якчанд вазифа, аз ҷумла таҳкими интизоми ҳарбӣ, омодагиҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани касбияти ҳайати шахсии Кумита, Маркази тайёр намудани ғаввосон ва кинологҳо дар ноҳияи Шаҳринав, идомаи сохтмони Маркази омодасозии наҷотдиҳандагон дар ин ноҳия, бинои Хадамоти ҳарбикунонидаи наҷотдиҳӣ-кӯҳӣ ва шуъбаи Кумита дар шаҳри Роғун, сари вақт ба истифода додани Маркази қабули паноҳандагон ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, сохтани марказҳои идораи ҳолатҳои буҳронӣ аз ҳисоби сармоягузории шарикони байналмилалӣ ва буҷаи давлатиро амалӣ менамояд.
Инчунин татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023 -2028» дар нақша аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






