НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба 10 миллиону 277 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати январи соли 2024 шумораи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 млн 277 ҳазор нафар расида, дар давраи ҳисоботӣ 230 ҳазор ҷойи кори нави доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки аз аввали соли 2023 индекси нархҳои истеъмолӣ 103,8 фоизро ташкил дода, нархи молҳои ғайриозуқа 6,6 фоиз қимат шудааст. Асосан аз ҳисоби болоравии нархи бензин 24,4 фоиз, маснуоти доруворӣ 13,2 фоиз, масолеҳи сохтмонӣ 5,5 фоиз ва пойафзол 3,1 фоиз сабт шудааст.
Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, музди ақалл 600 сомониро ташкил дода, ин шумора баъд аз моҳи июл, яъне болоравии маош то 40 фоиз 800 сомониро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат бо назардошти тағйироти индекси нархҳо моҳи ноябри соли 2023 нисбат ба моҳи октябри соли 2023 2,2 фоиз зиёд ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2022 7,2 фисад зиёд шудааст.
Ҳамзамон изҳор шуд, ки ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, ки моҳҳои январ-декабри соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор расонида шудааст, 21 млрд 760,3 млн сомониро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 14,1 фоиз зиёд аст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






