НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба шаҳри Роғун 704 сайёҳи хориҷӣ омадааст

Февраль 12, 2024 10:24

РОҒУН, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи он, то ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун ва кӯчаи «25-солагии Истиқлолият», 14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иттилоъ дод.

То имрӯз 29 иншооти гуногун ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти дигар, аз қабили бинои маъмурии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, бинои маъмурии прокуратура, бинои маркази «Беҳтарсозии малакаи касбӣ ва имкониятҳои ба кортаъминшавӣ», бинои маъмурии нозироти андоз ва сохтмони бинои филиалаи №19-и “Амонатбонк” бо маром идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ тасдиқи «Барномаи маҳаллии рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» ба ҳисоб меравад. Барнома истифодаи самараноки имконият барои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби сармоя дар ин самт, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ, хастсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр ва дигар хизматрасонии сайёҳиро ба танзим медарорад.

Гуфта шуд, ки соли 2023 ба шаҳри Роғун 6121 сайёҳ ташриф овардааст, ки 704 нафараш сайёҳи хориҷӣ ва 5417 нафар сайёҳи дохилӣ мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ