НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 1,4 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид

Февраль 8, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 413 ҳазору 600 тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 892 миллион доллар бо нархи миёнаи 631 доллар ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,2 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта 98 доллар ё ба андозаи 13,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ин 436,5 ҳазор тоннаро сӯзишвории дизелӣ, 348,1 ҳазор тоннаро бензин, 411 ҳазор тоннаро гази моеъ ва 218 ҳазор тоннаи дигарро маҳсулоти нафтӣ ташкил медиҳад. Дар ин хусус 7 феврал дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар ин давра 38 субъекти хоҷагидор 436,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 327,7 млн доллар бо нархи миёнаи 751 доллар ворид намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,4 ҳазор тонна зиёд ва нархи миёнаи воридотии он нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта 125 доллар ё ба андозаи 14,3 фоиз коҳиш ёфтааст.

Воридкунандагони бензин дар ин давра ба ҷумҳурӣ 348,1 ҳазор тонна бензин ба маблағи 228,1 миллион доллар ва бо нархи миёнаи 655 доллар ворид намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Нархи миёнаи воридоти як тонна бензин моҳи декабри соли 2023 ба 655 доллар баробар гардид, ки нисбат ба моҳи январи ҳамин сол 131 доллар ё 20 фоиз афзоиш ёфтааст.

Сабабҳои асосии тағйир ёфтани нархи сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ- ин давоми соли 2023 ноустувор будани арзиши 1 тоннаи он дар давлатҳои содиркунанда ва ҷорӣ гардидани баъзе монеаҳо аз ҷониби ин мамлакатҳо арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин нархи 1 барел нафт низ соли 2023 аз 84 доллари моҳи январ ба 92 доллар дар моҳи сентябр баробар гардид.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023  54 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи талаботи моддаҳои 16 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст