НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 дар шаҳри Турсунзода 115 синфхонаи иловагӣ бо 2720 ҷойи нишаст бунёд гардид

Февраль 9, 2024 16:18

ТУРСУНЗОДА, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2023 дар назди  17 муассисаи таълимии шаҳри Турсунзода   115 синфхонаи иловагӣ барои 2720 хонанда дар як вақт сохта, ба истифода шуд. Ҳамчунин дар доираи тадбирҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 8 муассисаи томактабӣ барои 994   кӯдак ва  сохтмони 222 синфхонаи иловагӣ дар заминаи 20 муассисаи таълимӣ,  ки дорои 5394 ҷойи нишаст мебошад, идома дорад. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Раиси шаҳри Турсунзода иброз намуд, ки «дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 435 иншооти мухталиф бунёду барқарор мешавад. То имрӯз 187 иншоот ба маблағи 73,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла 28 иншоот дар соҳаи маориф, 16 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 11 иншоот дар соҳаи варзиш, 2 иншооти хизматрасонии маишӣ, 10 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 34 маркази хизматрасонию савдо ва 37 иншооти дигар ба истифода дода шуда, дар 33 мавзеъ бо масоҳати 68,2 км роҳҳо мумфаршу бетонпӯш шуданд, 5 пул, 6 сардхона, 2 гармхона сохта шуда, дар 3 мавзеъ хати оби нӯшокӣ кашида шудааст. Ҳоло дар 126 иншооти ҷашнӣ корҳо оғоз гардида, бо маром идома доранд».

Гуфта шуд, ки шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ, ки саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.  Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиарду 123 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳр ба ҳолати 1 январи соли 2024 94 коргоҳу корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба 1 январи соли 2023  29 корхона зиёд мебошад. Дар ин давра дар корхонаҳои саноатии шаҳр 96 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2022  10 намуд зиёд мебошад.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд