ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ин мусобиқа ба таври арзанда иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 аз тими милли Урдун мағлуб шуда, иштирокашро дар ин мусобиқа ба анҷом расонид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт.
Боиси таззакур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин иштирок дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои таърихӣ ноил гардид. Шогирдони Петр Сегрт тавонистанд ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқа роҳ ёбанд.
Дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






