ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар даври 1/4-ниҳоӣ бозӣ менамоянд

Февраль 2, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврал бозии  дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун оид ба футбол дар даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор шуда, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мизбони номиналии вохӯрӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ба майдон мебарояд. Дастаи мунтахаби Урдун бо либоси сурх рақобат менамояд.

Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Фу Минги 41-сола аз Чин таъйин гардид. Дар майдон ба Фу Минг ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Жоу Фей ва Жанг Ченг кумак менамоянд.

Бояд гуфт, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун иштирок менамоянд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин иштирок дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои таърихӣ ноил гардид. Шогирдони Петр  Сегрт тавонистанд ба даври 1/4-ниҳоии мусобиқа роҳ ёбанд. Дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон яке аз муддаиҳои мусобиқа- тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.

Тоҷикистон ва Урдун панҷ бозӣ бо ҳам анҷом доданд. Футболбозони Тоҷикистон дар як вохӯрӣ ва Урдун дар се бозӣ ғолиб омадаанд. Як бозии дигар мусовӣ (1:1) анҷом ёфтааст:

11.06.15 Тоҷикистон – Урдун 1:3. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон

13.10.15 Урдун – Тоҷикистон 3:0. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон

01.02.21 Урдун – Тоҷикистон 2:0. Бозии дӯстона

05.02.21 Урдун – Тоҷикистон 0:1. Бозии дӯстона

16.11.23 Тоҷикистон – Урдун 1:1. Марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 2, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд